Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон

14.09.2015 12:13, шаҳри Душанбе

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо баргузории маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт.

Барои пешвози меҳмони олимақом майдони назди Қасри Миллат ба таври хоса омода гардида, ҷузъутомҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро самимона истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар шуруъ шуд.

Маросими бошукӯҳи истиқбол сипас бо гузаштани якҷояи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз назди ҷузъутомҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салому дуруди меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳам бо корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон идома ёфт.

Ин маросими шукӯҳманд бо расми гузашти низомии Горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат оғоз ёфт. Сарони ҳарду давлат аз имкони ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадани муносиботи Тоҷикистону Қазоқистон изҳори қаноату хушҳолӣ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Мо ба ташрифи Шумо ба Тоҷикистон аҳамияти беандоза медиҳем. Бовар дорам, ки ин боздид бо муҳтаво ва самтгириаш имкон дорад дар муносиботи Тоҷикистону Қазоқистон саҳифаҳои нав боз намояд”.

Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки “Ҳамаи солҳои истиқлолият миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳеҷ гуна мушкилоти сиёсию дигар вуҷуд надошту надорад. Мо бисёр хоҳони суботу оромӣ дар Тоҷикистонем, зеро вай барои мо шарики басо муҳим аст. Мо омодаем рушди иқтисодии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем”.

Зимни мулоқоти хоса ва музокироти расмӣ, ки баъдан бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардид, масоили вобаста ба густариши робитаҳои сиёсӣ, ҳарбию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию маърифатӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар робита ба танзими муҳоҷирати корӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон, аз ҷумла зикр гардид, ки бояд  шароити беҳтари ҳуқуқии будубоши муваққатии онҳо муҳайё карда шавад.

Таваҷҷуҳи зиёд ба авзои кунунии Афғонистон, Шарқи Наздик ва таъсири манфии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ зоҳир шуда, таъкид гардид, ки ҳамгироии муштараки дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон бояд тақвият дода шавад.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, сурат гирифт.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки бевоситаи саронди ду давлат 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар оғози маросим зери Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имзо гузоштанд.

5 санади дигар инҳоянд:

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳимояи техникии иттилот;

Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон кор мекунанд ва фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Қазоқистон, ки муваққатан дар ҳудуди Тоҷикистон кор мекунанд, аз 4 майи соли 2006;

Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 13 июни соли 2000;

Созишнома миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ;

Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2016-2017;

Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот изҳори қаноат карда, ба дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар, ба хусус дар робита ба эълони шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон баҳои баланд доданд.

Нурсултон Назарбоев Тоҷикистонро “шарики муҳими стратегии Қазоқистон” номида, изҳор дошт, ки барои таҳким ва густариши минбаъдаи чунин шарикӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда пурсамар истифода бояд кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520