Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши сатҳи олии СААД дар Душанбе

15.09.2015 15:00, шаҳри Душанбе

Дар Қасри Миллат иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Қабл аз ҳама ба Қасри Миллат Президенти Арманистон Серж Саргсян ва Президенти Белорус Александр Лукашенко ва сипас сарони дигар давлатҳо низ ворид шуданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ҳамоиши сатҳи олии СААД ба Тоҷикистон роҳбарони ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон, аз ҷумла Арманистон - Серж Саргсян, Белорус - Александр Лукашенко, Федератсияи Русия - Владимир Путин, Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон - Алмазбек Атамбоев ва сарвари кишвари мизбон, Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омаданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олимақомро як - як истиқбол гирифт.

Ҳамоиши мазкур бо аксгирии умумӣ оғоз ёфта, бо баргузории ҷаласаи хосаи сарони давлатҳо, ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ва намояндагони созмонҳои дигари минтақавию байналмилалӣ идома ёфт ва бо имзои санадҳо ва изҳороти муштараки матбуотӣ ба поён расид.

Зимни ҳамоиш дар баробари баррасӣ шудани масоили мубрами вобаста ба таъмини амнияту субот дар қаламрави масъулияти СААД ҷараён ва натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, раёсати Тоҷикистон дар СААД бо муваффақият ва босамар ҷараён дорад. Аз ҷумла ба ҳамоишҳои роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СААД ва машқҳои низомию махсус, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бо иштироки воҳидҳои низомӣ ва нерӯҳои ниҳодҳои дигар аз ин давлатҳо ҷараён гирифтанд, баҳои баланд дода шуд. Зикр гардид, ки машқҳои муштараки низомию махсуси кишварҳои аъзои СААД дар Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ ва фаврияти вокунишҳои зарурии ниҳодҳои дахлдори ин давлатҳоро нишон дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ, аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон ҷаласаҳои шӯроҳои вазирони корҳои хориҷӣ,  вазирони мудофиа, Кумитаи котибони шӯроҳои амният, кумитаи ҳарбӣ, роҳбарони ниҳодҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар сохторҳо ва ҳамчунин машқҳои муштараки низомию махсус баргузор шуд. Беш аз ҳама ба санҷиши ногаҳонии омодагии доимии ҷузъутомҳои Нерӯҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои СААД, ки бо интиқол додани онҳо ба ҳудуди Тоҷикистон  ва роҳандозии машқҳои низомӣ ҷараён дошт, баҳои баланд дода шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шиддат гирифтани авзои сиёсию иҷтимоӣ дар минтақа ва ҷаҳон ва ҳамчунин мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтани имконоти глобализатсия аз ҷониби нерӯҳои террористию ифротгаро изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт: “Чунин вазъият аз мо амалҳои ҳамоҳангшудаи таъхирнопазирро талаб мекунад, то ки ҳаёти осудаю осоиштаи кишварҳо ва мардумонамонро таъмин намоем”. 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки шарикони мо аз кишварҳои СААД барои тақвият додани имконоти ҳарбию сарҳадбонии Тоҷикистон чун кишвари ҳаммарз бо Афғонистон бояд талошҳои ҳамоҳангшудаи дуҷонибаю бисёрҷониба дошта бошанд.

Дар идомаи суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Тоҷикистон ҷонибдори таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рушди ҳаркории ҳарбӣ-иқтисодии кишварҳои аъзои СААД ва густариши робитаҳо миёни корхонаҳои саноати ҳарбии ин давлатҳо аст”.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин тавсиаи робитаҳои СААД ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро амри зарурӣ номид.

Дар ниҳояти сухан Эмомалӣ Раҳмон бар зарурати таҳкими минбаъда ва пайвастаи имконоти мақомоти кории СААД таъкид намуд.

Ба раёсати муваффақ ва комёби Тоҷикистон дар СААД аз ҷониби сарони ҳамаи давлатҳо ва дигар маърузагарон баҳои баланд дода шуд. Сарони давлатҳо аз нақши муҳими Тоҷикистон дар таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, чун кишваре, ки дар хатти пеши мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии хатарҳои терроризму ифротгароӣ қарор дорад, ёдовар шуда, омодагии худро барои кумак расондан ба  он таъкид доштанд.

Дар охири ҷаласаи ҳайатҳои васеъ як зумра санадҳои муҳим ба имзо расид, ки ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи СААД мусоидат хоҳанд кард.

Ба раёсати муваффақи Тоҷикистон дар СААД, нақши муҳими кишвар дар низоми минтақавии таъмини амну субот ва ба натиҷаҳои ҳамоиши имрӯзаи сарони давлатҳои аъзои ин созмон ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ баҳои баланд дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520