Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаби рақами 18 дар шаҳри Турсунзода

18.09.2015 09:17, шаҳри Турсунзода

Дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои зебои дуошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди истифода қарор дод.

Сарвари давлатро дар саҳни ҳавлӣ хонандагон бо барномаи рангин истиқбол гирифтанд.

Ҳаҷми маблағи сарфшуда 9 миллиону 785 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз ҳисоби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст.

Бинои таълимӣ аз 5 бинои ду ошёна барои 800 нафар хонанда, аз  ҷумла 26 синфхонаи таълимӣ, 70 ҳуҷраи ёрирасон, 3 кабинети лабараторӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона, толори маҷлисгоҳ, толорӣ варзишӣ барои 180 ҷой нишаст ва 1 майдончаи варзишӣ иборат мебошад.

Фармоишгар шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва пудратчӣ Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Шаҳраки сохтмончиён» мебошад.

Бинои мактаб дар доираи амалӣ намудани барномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти рушди соҳаи маорифи кишвар бунёд шудааст.

Дар маҷмуъ ҳамаи синфхонаҳо бо асбобҳои айёнии хониш таъмин мебошанд. Ҳангоми боздид аз мактаб дастаи ҳаваскорон ҳунари худро ба Сарвари давлат намоиш доданд.

Пас аз шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои мактаби нав Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни бинои ин муассисаи таълимӣ бо кормандони соҳаи маориф ва дигар фаъолону сокинони шаҳри Турсунзода мулоқот намуд.

Сарвари давлат иброз дошт, ки маориф аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, беҳтар намудани таълиму тадрис дар мактабҳо ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Бунёди мактабҳои типпи нав аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба хотири беҳдошти сатҳи донишомӯзии хонандагон ва ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони сокинон ба роҳ монда шудааст ва тӯҳфаи арзандаи Президенти мамлакат ба сокинони шаҳр мебошад.

Зимни маҳифили пурсишу посух омӯзгорон, хонандагон ва дигар сокинон ба Сарвари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520