Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи олӣ ҷиҳати тасдиқи Рӯзномаи рушд барои давраи баъди соли 2015

27.09.2015 20:13, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Имрӯз дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар мулоқоти Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи олӣ ҷиҳати тасдиқи Рӯзномаи рушд барои давраи баъди соли 2015 иштирок ва суханронӣ намуд.

Соли ҷорӣ соли анҷоми татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аст. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ қайд намуд, ки "Дастовардҳо ва дарсҳои аз татбиқи ҳадафҳои мазкур гирифтаи мо асоси таҳияи Рӯзномаи нави рушдро барои давраи баъди соли 2015 ташкил доданд. Дар ин кор Гурӯҳи кории байниҳукуматии ҳайати кушодадоштаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид нақши муҳим бозид ва ба он муяссар гардид, ки дар зарфи ду соли охир Ҳадафҳои Рушди Устувори барои давраи то соли 2030 пешбинишударо, муайян созад ва ҳамоҳанг намояд".

Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки татбиқи Рӯзномаи нави Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар шароити афзоиши пайдо кардани натиҷаҳои манфии таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил, низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ, таназзули захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ ва техногенӣ, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда оғоз гардида, онҳо ба амнияту суботи ҷаҳон хатар эҷод намуда, монеаи расидан ба рушди устувор мегарданд.

Аз ин рӯ, Президенти Тоҷикистон таъкид намуд, ки саъю талошҳои иловагии ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба ташаккули фазои мусоид ба хотири татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар миқёси дунё равона карда шаванд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон санади нав ҳуҷҷати нодирест, зеро ба он ҳадафу вазифаҳои мушаххас дар бахши рушди иқтисодиёт, инкишофи иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист – ин се пояи рушди устувор ба таври муназзам ва мукаммал шомил шудаанд.

Президенти кишвар изҳори итминон кард, ки маҷмӯаи вазифаву мақсадҳое, ки дар чаҳорчӯби Ҳадафҳои Рушди Устувор муайян шудаанд ва ба ҳаллу фасли чунин мушкилот, аз қабили решакан кардани камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини тандурустӣ ва маорифи босифат, истифодаи оқилонаи захираҳои об, беҳтар намудани дастрасӣ ба манбаъҳои арзон ва боэътимоди энергия, бунёди инфрасохтори рушдёфта, андешидани чораҳои таъҷилӣ ба муқобили тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он, коҳиш додани сатҳи нобаробарӣ байни кишварҳо, таъмини баробарии гендерӣ дар миқёси ҷаҳон равона шудаанд, идомаи мантиқии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола маҳсуб меёбанд.

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳия ва ҳамоҳангсозии Барномаи рушди ҷаҳонӣ барои давраи баъди соли 2015 фаъолона ширкат варзид ва аз тариқи гузаронидани машваратҳои миллӣ бо мақсади ҳарчи васеътар инъикос намудани кӯшишу талоши доираҳои васеи аҳолии мамлакат дар самти Ояндае, ки онҳо мехоҳанд, дар ин гуфтугӯи умумиҷаҳонӣ саҳм гирифт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки "Ҳадафи асосии барномаву стратегияи таҳияшаванда баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар аз тариқи таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодист. Бо мақсади ҳаллу фасли муваффақонаи маҷмӯаи масоили иҷтимоиву иқтисодӣ ва экологӣ дар чаҳорчӯбаи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 мо чунин ҳадафҳои стратегиро мисли таъмини амнияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ муайян намудем, ки бе татбиқи онҳо ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор душвор аст".

"Дар навбати худ, -таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои ин ҳадафҳо татбиқи барномаҳои марбута дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ зарур аст. Дар ин раванд барои мо афзоиши самараи истифодаи сарватҳои миллӣ ва сармояи инсонӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, тақвияти рушди сохтории кишвар, таҳкими табақаи миёнаҳол ва инчунин, рушди мутавозини ҳамаи манотиқи мамлакат самтҳои афзалиятнок маҳсуб мешаванд".

Дар суханронии худ Президенти кишвар пешниҳод намуд, ки барои бомуваффақият иҷро намудани ин вазифаҳо сафарбар намудани воситаҳои молиявии зарурӣ лозим аст, ки дар шароити таҳаввулоти зудтағйири муносибатҳои байналмилалӣ ва сар задани буҳронҳои нав ба нав дар манотиқи мухталифи дунё кори мушкилест. Аз ин рӯ, саривақтӣ будани афзоиши ҳаҷми кумаки расмӣ барои рушд, ки омили муҳимми бо пул таъмин намудани инкишоф аст, эҳсос мешавад. Ин вазъ фаъолтар гардонидани тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузориро, ки муҳаррикони асосии рушди истеҳсолот мебошанд, инчунин ҳавасмандсозӣ ва мусоидат намудан ба интиқоли технологияҳои нави аз лиҳози экологӣ қобили қабулро тақозо дорад.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки мо бояд азми дастаҷамъонаи худро нигоҳ дорем ва ба кишварҳое, ки бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд, дасти ёрӣ дароз намоем. Зимнан, дар ёд бояд дошт, ки баъзе кишварҳои рӯ ба инкишоф татбиқи барномаи амалро барои рушди устувор дар вазъи хеле номусоид оғоз менамоянд. Биноан Президенти Тоҷикистон дастгирӣ намудани кишварҳои дар вазъияти махсус қарордошта, аз ҷумла мамлакатҳои рӯ ба инкишофи дар минтақаҳои баландкӯҳ ва душворгузар воқеъгашта, инчунин кишварҳое, ки ба баҳр роҳи баромад надоранд амри зарурӣ донист.

Дар фарҷоми суханронии худ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон минбаъд низ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, муассисаву барномаҳои Созмони Милал, кишварҳои шарик ва созмонҳои манфиатдор ба хотири татбиқи муваффақонаи Ҳадафҳои Рушди Устувор фаъолона ҳамкорӣ хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520