Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

30.10.2015 11:19, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои ширкат дар ҳамоиши навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот атрофи масоили рӯзномаи ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таъсири манфии бӯҳрони иқтисодию молиявӣ ва сиёсию амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон таъкид дошт: “ Ба андешаи мо, дар баробари нигоҳ доштани робитаҳои гуногунпаҳлу, ИДМ рушди ҳамкории иқтисодӣ ва амниятиро бояд чун самти афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи худ муайян намояд”.

Таваҷҷуҳи зиёд ба авзои кунунӣ дар шимоли Афғонистон ва таъсири эҳтимолии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва сарҳадоти ҷанубии иттиҳод зоҳир гардид.

Иштирокдорони мулоқот доир ба аксари масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунпаҳлӯ дар доираи ИДМ изҳори ҳамфикрӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520