Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

09.05.2024 21:10, Русия
Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин   09.05.2024

Имрӯз дар ҳошияи чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 79-мин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

Сараввал сарони давлатҳо ҳамдигар ва мардуми ду кишварро ба муносибати ҷашни 79-солагии Ғалабаи бузург табрик намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми мардуми тоҷикро махсус таъкид намуда, изҳор доштанд, ки 50 дарсади аҳолии қобили меҳнати ҳамон вақти Тоҷикистон дар ин ҷанг иштирок намудаанд.

Ба масоили мубрами ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, танзими муҳоҷирати корӣ ва муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳо дар соҳаи амният, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти  ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо вобаста ба муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир доир ба беҳсозии ҳамоҳангӣ дар фаъолияти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Зарурати аз ҷониби идораҳои дахлдор андешидани тадбирҳои муштараки муассир ҷиҳати рафъи мушкилот дар соҳаи муҳоҷирати корӣ бахусус таъкид гардид.

Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба ин хотир ҳайатҳои баландпояи ҳарду ҷониб дар муҳлатҳои наздик гуфтушунид доир намоянд.

Яке аз масъалаҳои муҳими дигар ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика буд. Сарони давлатҳо барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳа ба қарор омаданд, ки ба сохторҳои лозимаи ду ҷониб супоришҳои зарурӣ дода шавад.

Пешвои миллат ва Президенти Федератсияи Русия дар идомаи суҳбат масъалаҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд. 

Дар хотима Сарвари давлати мо ба муҳтарам Владимир Путин барои пазироии  гарм ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520