Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо аъзои ҳайати Парлумони Аврупо

05.11.2015 12:13, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои ҳайати Парлумони Аврупоро бо раҳбарии Ивета Григуле, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили солгарди қабули Сарқонуни Тоҷикистон ташриф овардани ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупоро фоли нек номида, изҳори бовар намуд, ки сафари онҳо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ду ҷониб такони нави созанда хоҳад дод.

“Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣҷонибдори боэътимоди ҳамкории фарох бо Иттиҳоди Аврупо ва робитаҳо бо Аврупо ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвари мо пазируфта шудааст”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо Ивета Григуле дар навбати худ, аз ҷумла изҳор дошт: “Мо Тоҷикистонро шарики хуб, боэътимод ва созандаи хеш дар Осиёи Марказӣ медонем”.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла бо Парлумони Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноат карда, ҳамзамон таъкид дошт: “Имрӯз дар раванди муноситбатҳо масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти амниятӣ ба мадди аввал мебароянд”.

Дар ин робита ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон чун энергетика, саноат, кӯҳкорӣ ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки “мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ин мусоидат ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию амниятии кишвари мо ва кулли минтақа бо фарогирии Афғонистон аст”.

Ҳамчунин атрофи раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон, зарурати идомаи ҳамкорӣ дар самти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, доир ба авзои кунунии Ховари Миёна ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520