Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер

09.11.2015 12:02, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро, ки бо нахустин сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ баррасӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат Сирил Мюллерро барои ба вазифаи пурмасъулият - ноиби Президенти бонк таъин шуданаш, табрик намуда, вохӯрии имрӯзаро иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ арзёбӣ кард.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки “Мо ба фаъолияти Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд медиҳем, зеро дастгирии онро дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок эҳсос менамоем”.

Сирил Мюллер аз имкони вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: «Мо аз мушкилоту эҳтиёҷоти Тоҷикистон, аз ҷумла хисороте, ки дар натиҷаи рӯх додани офатҳои табиӣ ба вуҷуд омад хуб огоҳӣ дорем ва Бонки умумиҷаҳонӣ омода аст, ки ҳамкории худро бо кишвари шумо тавсиа бахшад».

Зимни мулоқот доир ба роҳҳои татбиқи босамари Стратегияи нави ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018, ки ҷудо намудани 250 миллион доллари амрикоиро, асосан дар шакли грант дар назар дорад, гуфтугӯйи созанда сурат гирифт.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок, грантҳо, кӯмакҳои техникӣ, ҳамкорӣ дар самти амалисозии лоиҳаҳои хурду бузург, нақлиёт, идораи давлатӣ ва сиёсати иқтисодӣ, обтаъминкунӣ, бахши хусусӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ равона карда шуд.

Таҳияи лоиҳаҳои пешгирикунандаи офатҳои табиӣ, ҷалби маблағҳои иловагӣ барои барқарорсозӣ ва соҳилбандии дарёҳои Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи лоиҳаи хатти барқии CASA-1000 ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ сурат гирифт.

Зимни гуфтугӯйи пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520