18 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 60-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии маъюбону иштирокчиёни ин ҷанг, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин набардҳо ҳалокгардида ва шахсоне, ки барои хизмати шоён бо медали "Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" сарфароз гардиданд, фармон имзо кард.
Дар асоси ин фармон иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида дар ҳаҷми 200 сомонӣ, ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки бо медали "Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" сарфароз гардидаанд, дар ҳаҷми 100 сомонӣ кӯмакпулии яквақта пардохт карда мешавад.
Ҳамчунин аз 1 майи соли 2005 нафақаҳои ҳармоҳаи маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ба андозаи 30 сомонӣ зиёд мегардад.
Тибқи фармони мазкур вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки табобату истироҳати ройгони маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидаро дар муассисаҳои табобатию истироҳатии ҳамаи шаклҳои моликият таъмин намоянд.