Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои бахшҳои иқтисодию молиявӣ ва иҷтимоӣ

19.04.2005 12:00, шаҳри Душанбе

19 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои бахшҳои иқтисодию молиявӣ ва иҷтимоӣ машварати корӣ доир намуд.

Мавзӯи асосии машварат масъалаҳои татбиқи ҳарчи зудтари дастуру нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми  Сарвари давлат унвонии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида буданд, қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар муддати 10 рӯз нақшаи чорабиниҳо доир ба пешниҳоду супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикргардида, таҳияи барномаҳои миёнамӯҳлат, додани қарзҳои дарозмуддат ба хотири рушди соҳибкории хурду миёна, инкишофи соҳаи боғу токпарварӣ, асалпарварӣ, татбиқи ислоҳоти замин, таъмини шаффофияти раванди  хусусигардонӣ, омода намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди  соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиёт ва барҳам задани зуҳуроти бюрократии халалрасони пешрафт бо таклифу пешниҳодоти мушаххас ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шавад.     

Сарвари давлат ба роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати  фавран амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани вазъи моддии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, оилаҳои бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ва шаҳрвандоне, ки бо медали "Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" сарфароз гардидаанд, супоришҳои қатъӣ дод ва қайд намуд, ки маблағҳои муайяншуда бояд ном ба ном ва бевосита дар маҳалли истиқомат  расонида шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати омодагӣ дар мавриди анҷоми муваффақонаи бунёди минтақаҳои роҳи Душанбе - Хуҷанд, Ваҳдат - Нуробод - Тоҷикобод,  нерӯгоҳи Помир-1, бо ин мақсад ҷалб намудани грант ва қарзҳои имтиёзнок барои сохтмони роҳи Душанбе - Қурғонтеппа - Панҷи поён - Қундуз, туннели Анзоб, нерӯгоҳи  Сангтӯда -1, минтақаҳои роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар, Шкев-Зиғар, кони гази Хоҷабоқирғон ва масъалаҳои таъмини оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд дастуру супоришҳои мушаххас ва мӯҳлатнок дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520