24 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи беруназшаҳрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар мавзеъи Пуғус дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои ИДМ ширкат варзид.
Дар расми ифтитоҳи кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.
Нахуст Сарвари давлат иштирокчиёни ҷаласаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии давлатҳои узви ИДМ омили муҳимми таҳкими иқтидори мудофиавии кишварҳо, қабл аз ҳама ифодаи талошҳои муштарак баҳри таъмини амнияту суботи устувор мебошад.
"Дар марҳилаи навини пешрафти ҷомеа, ки дар он рух додани ҳодисаҳои террористию экстремистӣ аз эҳтимол дур нест, муттаҳид гардонидани мубориза роҳи ягонаи ҳалли мушкилот аст, зеро ягон мамлакати ҷаҳон наметавонад дар алоҳидагӣ алайҳи гурӯҳ ва марказҳои террористӣ муқовимат намояд", - таъкид намуд Сарвари давлат.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон афзуд, ки роҳбарияти ҳарбӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти он, ки терроризми байналмилалӣ сарҳад надорад, талошҳои муштараки муборизаро баҳри таъмини амнияти минтақавӣ ва умумӣ шарти муҳим медонад. Бинобар ин дар доираи ИДМ, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай идома бахшидани машқҳои фармондеҳию ситодии муштарак ба манфиати таҳкими қудратии мудофиавии кишварҳо мебошад.
Дар хатми суханронии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни ҷаласа маваффақият таманно карда, изҳори умед намуд, ки ин тадбири муҳимму саривақтӣ ба дарёфти роҳҳои нави вусъатбахши муборизаҳои муштарак бар зидди таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир мусоидат хоҳад кард.