Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Филипп Беннетт

28.03.2017 12:11, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Филипп Беннетт ва роҳбари нави намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамоваро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳо оид ба самтҳои ҳамкории дуҷониба ва дурнамои фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари нави намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова баҳри амалигардонии ҳадафҳои муштарак комёбиҳо орзу намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дастгирии лоиҳаҳои бахши энергетика ва тақвияти нерӯи истеҳсолию содиротиро аз ҳадафҳои муҳими рафъи таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва муътадилгардонии вазъи макроиқтисодӣ, маънидод карданд. Аз сатҳи ҳамкорӣ бо бонк, дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории беҳтар гардонидани инфрасохтори шаҳрҳо, рушди бахши хусусӣ ва дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд.

То имрӯз дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 100 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 750 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст. Айни ҳол бошад, ҳамкорӣ дар самти татбиқи 65 лоиҳа бо маблағи умумии 420 миллион доллар идома дорад.

Таъкид гардид, ки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба хотири фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди минбаъдаи кишвар ва таъмин намудани афзалиятҳои миллӣ қабул гардидааст ва имкониятҳои зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳои лоиҳаҳои бахшҳои энергетика, нақлиёт, соҳибкорӣ ва молиявӣ дар ин стратегия аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба назар гирифта шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, таҷдиди корхонаҳои саноатӣ баррасӣ шуда, дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар амалигардонии стратегияи саноатикунонии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520