Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир”

12.06.2017 09:21, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Маҷмааи давлатии “Кохи Наврӯз” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ин чорабинии муҳими байналмилалӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, роҳбарону намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе ва коршиносону масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ширкат доштанд.

Дар суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон ва баргузории Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир”-ро имконияти бузург барои шиносоии бештар ва воқеӣ бо Тоҷикистон, ҳамчунин бо талошҳои Ҳукумати мо дар масири рушди устувор ва мавқеи қотеъонаи он дар арсаи мубориза бо мушкилоту хатарҳои муосир арзёбӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки қабул гардидани Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор то соли 2030 ба шароите рост омад, ки дар нуқоти гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳои мазҳабиву геосиёсӣ дучор шудаанд ва яке аз ҳадафҳои аслии баргузории ҳамоиши имрӯза таҳкиму тавсеаи ҳамкориву шарикии бардавом ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва пешгирии иқдомҳои муштарак ба хотири рафъи таҳдидҳои муосир ва таъмини сулҳу суботи пойдор мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз он, ки дар чунин вазъият ягон кишвари дунё ба танҳоӣ наметавонад дар арсаи мубориза бо хавфу таҳдидҳои амниятӣ комёб гардида, амну суботро таъмин намояд, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву ҳамёриро барои таъмини амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои дастҷамъона дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароии байналмилалӣ ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хавфнок муҳим арзёбӣ намуданд.

Омодагию ҳавасмандии Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли СММ барои тақвияти ҳамгироӣ бо кулли кишварҳои сайёра ва ниҳодҳои тобеи ин созмони муътабари ҷаҳонӣ, ки дар ин самт бояд нақши калидӣ ва ҳамоҳангсоз дошта бошанд, таъкид гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми суханронии худ бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар роҳи ҳалли масъалаҳои обу экологии глобалӣ, изҳори умедворӣ намуданд, ки дар раванди татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалӣ низ, ки ҳадафу вазифаҳояш ба нафъи тамоми мардуми сайёра мебошанд, аз ҳамкорию шарикии судманд бамаврид истифода бурда мешавад.

Дар идомаи Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир” Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш суханронӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили чунин як чорабинии муҳим ва пайгирии масъалаҳои муҳиму ҳалталаби ҷаҳони муосир изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Ҳамчунин дар рафти кори ҳамоиш Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва дигар коршиносони дохилию хориҷӣ оид ба талошҳову дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор суханронӣ карданд. 

Дар бахшҳои алоҳидаи ҳамоиш масъалаҳои Таъсири тағйирёбиии иқлим ба рушди Тоҷикистон ва Ҳадафҳои Рушди Устувор, Таъмини амнияти озуқаворӣ, Соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон:-мушкилот ва имкониятҳо барои татбиқи Барномаи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор ва ғайра баррасӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520