Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рўзи забони давлатӣ

05.10.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Cубҳи имрўз ба муносибати Рўзи забони давлатии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ оғоз ёфт, ки дар он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.

Барои иштирок дар ин ҷамомад аъзои парлумону ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва намояндагони аҳли зиёи кишвар, аз ҷумла роҳбарият ва кормандони Академияи илмҳо, роҳбарон ва устодону донишҷўёни фаъоли муассисаҳои олии таълимӣ ва дигар шахсони масъул даъват шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳозирини толор ва дар симои онҳо тамоми мардуми кишварро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки аз соли 2009 ин ҷониб, яъне баъди қабули қонуни нави забони давлатӣ, ки ба рўзи 5 – уми октябр рост омада буд, минбаъд маҳз ҳамин рўз ҳамчун Рўзи забони давлатӣ дар кишвари мо таҷлил мегардад.

«Азбаски рўзи 22-юми июл ба давраи таътили тобистонии мактабҳо ва донишгоҳҳову донишкадаҳои мамлакат ва рухсатии кормандони ташкилоту муассисаҳо баробар меояд, ширкати фаъоли ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар ин ҷашни умумимиллӣ ғайриимкон мегардид», - таъкид гардид дар суханронии Сарвари давлат.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи босамари қонуни нахустини забони давлатӣ, ки 22 – юми июли соли 1989 дар замони шўравӣ таҳия ва қабул гардида буд, ёдовар шуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки бо гузашти 20 сол аз он замон зарурати қабули қонуни нав ба миён омад.

Дар суханронӣ зикр гардид, ки «қонуни нав вазъи ҳуқуқӣ, истифода, ҳимоя ва дурнамои рушди забони давлатиро дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд.

қонуни мазкур дар асоси меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ дар иртибот ба вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ таҳия гардида, дар он меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо, аз ҷумла забонҳои ақаллиятҳои миллии сокинони кишвар низ муқаррар гардидаанд».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз зарурати омўзиши амиқи забонҳои русӣ ва англисӣ изҳор дошт: - «дар замони рушди босуръати илму техника ва технологияҳои нав ҷавонон бояд дар қатори забони давлатӣ на камтар аз ду забони хориҷиро низ донанд ва бо онҳо озодона муошират карда тавонанд».

Дар мавриди риояи меъёрҳои байналмилалӣ барои истифодаи озоди забонҳои дигар, аз ҷумла забони ақаллиятҳои миллӣ таъкид гардид: - «ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки бо мо дар як сарзамин зиндагии муштарак доранд, тибқи қонунгузорӣ дар интихоби забони таҳсил озод мебошанд. Мо ба ҳама забонҳо ва фарҳангҳо арҷ мегузорем».

ҳамзамон бо ин таъкид карда шуд, ки «имрўз дар Тоҷикистон як забони расмии давлатӣ амал мекунад ва ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки онро донад. Ин дар тамоми дунё як падидаи мусаллам ва табиӣ мебошад».

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки бо таҳияи Барномаи мукаммали густариши забони тоҷикӣ дурнамои рушди забони давлатии моро муайян ва тарҳрезӣ намоянд.

Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, бояд панҷ масъалаи муҳим маҳаки асосии ин барномаро ташкил диҳанд. Инҳо ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ, таҳияи истилоҳоти илмию техникӣ, компютерӣ кардани забони тоҷикӣ, таҳия ва чопи китоби мукаммали таърихи адабиёти тоҷик ва донистани забони давлатӣ аз ҷониби ҳар як шахси таҳсилкарда, бахусус кадрҳои роҳбаркунанда мебошанд.

Дар мавриди донистани забони давлатӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: «Акнун замоне фаро расидааст, ки дар интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифа таъин кардани роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилотҳо дар кадом сатҳ донистани забони давлатӣ ба инобат гирифта шавад».

Дар фароварди суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки «дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе ба хотири гиромидошти ин рукни фарҳанги миллӣ ва нишони асолати миллати куҳанбунёди тоҷик, ҳамчун арҷ гузоштан ба хидмату заҳмати фарзонагони гузашта, ки забонро ҳифз карда ва барои мо ба ёдгор гузоштаанд, марказе бо номи «қонуни забони тоҷикӣ» таъсис дода шавад. Ин марказ метавонад дар китобхонаи миллӣ ҷойгир шуда, чун осорхонаи забони тоҷикӣ ва таърихи пурифтихори он барои насли имрўзу фардои миллат хизмат бикунад».

Пешниҳод аз ҷониби аҳли толор бо хушнудию қаноатмандӣ пазируфта шуд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ ҳамчунин олимони шинохтаи соҳа ва як зумра ҷавонони донишҷўю эҷодкор, аз ҷумла доктори илмҳои филологӣ Давлатбек Хоҷаев, олимони ҷавон ва донишҷўён Сарвиноз Раҷабова, Парвонаи ҷамшед, Донишҷўдухтари қирғиззабон аз ноҳияи Мурғоб Бахтигул Мустапалиева, Сарвиноз Гулова, донишҷўдухтари молдавӣ Снежана Шуляк ва Сарвинози Нур низ суханронӣ намуда, андешаҳои ҷолиб ва пешниҳодоти худро барои рушду нумуи минбаъдаи забони тоҷикӣ чун забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба миён гузоштанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои дахлдор дастур дод, ки пешниҳодоти онҳоро омўзанд ва барои дар амал татбиқ намудани дархостҳои судманд чораҳо андешанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520