Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини сарвазири Туркманистон Мурадгули Акмамедов масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ шуд.
Тақвият ва густариш додани заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба тавассути омода кардан ва ба имзо расондани санадҳои нав зарур шумурда шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон, ки нимаи дуюми соли равон бояд дар шаҳри Ашхобод баргузор гардад, ба ин раванд такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба мавзўъҳои конфронси байналмилалии имрўза ва истифодаи босамару сариштакорона аз захираҳои обию энергетикии минтақа гуфтугўйи судманд сурат гирифт.