Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Туркманистон дар Тоҷикистон Нурберди Амонмуродов эътимоднома қабул намуд.
Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Нурберди Амонмуродов, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили кунунӣ ва густариши муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқӣ, ки дар сатҳи давлату ҳукумат, вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои ду кишвар ба имзо расидаанд ва ҳамчунин ба омодасозии санадҳои нави ҳамкорӣ зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки миёни Тоҷикистону Туркманистон имкону захираҳои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ хеле фароханд ва барои баҳрабардорӣ аз онҳо ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар зарур шумурда шуд.
Гуфтугӯйи судманд оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, металлургия, нақлиёту коммуникатсия, туризм ва истифодаи босамари захираҳои обии минтақа сурат гирифт.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди тааваҷҷӯҳи тарафҳо гуфтугӯ намуданд.