ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини якуми директори Агентии назорати маводи
нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин кардани Раҳимзода Р.Ҳ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
фармон медиҳам:
Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 майи соли 2024
№820