Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚОСИМ Қодир
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


ҚОСИМ Қодир 9 апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1983 Донишкадаи хоҷагии қишлоқро аз рӯи ихтисоси агроном хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба сифати агрономи совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои сарагроном, директори совхози «Россия»-и ноҳияи Ванҷ, инспектори Кумитаи марказии комсомоли ҷумҳурӣ, котиби дуюми комитети комсомолии ВМКБ, муовини раиси кумитаи агросаноатии ВМКБ, раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият намудааст.

Солҳои 2005-2006 дар вазифаи муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи ноябри соли 2006 дар вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кард.

Барои фаъолияти меҳнатиаш бо ордени «Дустии халқҳо» ва медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520