Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

10.08.2015 12:45, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори дипломатии кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Ҳамин тариқ, Бобозода Ғуломҷон Ҷӯра аз вазифаи Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония, Султонов Шӯҳрат Музафарович аз вазифаи Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина, Холбобоев Файзулло Самадович аз вазифаи Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ, Намояндаии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди иқтисодии Евразия озод карда шуданд.

Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти кишвар Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония ва Холбобоев Файзулло Самадович Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина таъин карда шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520