Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cафари расмӣ ба Туркманистон

19.08.2015 18:03, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба Туркманистон сафар кард.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пирзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки дар доираи сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот карда, масъалаҳои вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишварро баррасӣ менамоянд.

Дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду давлат мавзуъҳои гуногуни мавриди таваҷҷӯҳи Тоҷикистону Туркманистон муҳокима мегардад.

Инчунин аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ як қатор санадҳои наву муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Туркманистон ба имзо мерасанд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон идомаи мантиқии сафарҳои қаблии Сарвари давлати Тоҷикистон ба хотири мусоидат ба рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкориҳо ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520