Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи фабрикаи дӯзандагӣ дар шаҳри Душанбе

07.09.2015 10:15, шаҳри Душанбе

Дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи дӯзандагиро, ки бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст, ба истифода дод.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, сехи нави духти сару либоси мактабӣ бо иқтидори солонаи 24 ҳазор адад костюми писаронаю 60 ҳазор адад либоси духтарона дар заминаи Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии тоҷик” бунёд шудааст.

Маблағгузории умумӣ барои бунёди корхона 500 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, дар ин ҷо 350 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.

Дар сехи нав инчунин имкон аст, ки барои калонсолон либосҳо бо тарҳи замонавии мардона ва занона духта шавад.

Ин 4 - умин сехи дӯзандагӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии тоҷик” мебошад.

Таҷҳизоти корхонаи навро соҳибкорони маҳаллӣ аз кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Олмон, Чехия ва Ҷумҳурии мардумии Чин ворид кардаанд.

Имсол корхона барои таъмини сару либоси ягонаи мактабӣ бо 134 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ шартнома баста, беш аз 28 ҳазор хонандаро бо либоси мактабӣ таъмин кард.

Дар иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик сехҳои ресандагӣ, бофандагӣ в истеҳсоли дигар матоъҳо фаъолият дорад, ки садҳо нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъминанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520