Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи ҳунаристони замонавӣ дар шаҳри Душанбе

07.09.2015 11:43, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии “Наврузгоҳи пойтахт” - и шаҳри Душанбе як ҳунаристони замонавиро ифтитоҳ намуд.  

Дар ошёнаи дуюми наврӯзгоҳ маркази муосир таъсис ёфтааст, ки дар он коргоҳу корхонаҳои ҳунарҳои миллӣ ба ҳам омадаанд.

Фаъолияти ҳамаи ин корхонаҳо ба рушди ҳунарҳои миллӣ равона гардидааст ва шумораи умумии ҷойҳои нави корӣ дар ин марказ беш аз 350 нафарро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои дӯзандагии Суман, Ҳалима - 2015, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, рассомон, заргарон, кандакорон, тарроҳон, Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Марямбиби”- и шаҳри Қурғонтеппа, бунёди байналмилалии косибон бо номи Ҳафтпайкар ва дастовардҳои дигари ҳунармандони чирадаст шинос шуда, ба онҳо барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, рушди фарҳанг, муаррифии маданияти бою қадимаи халқи тоҷик дар хориҷи мамлакат дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520